Пайвандҳои дастрасӣ

Саркисян ва Алиев дар Порис бо ҳам мулоқот мекунанд


Акс аз бойгонӣ

Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса мизбонии даври нави музокироти раисони ҷумҳури Арманистон ва Озарбойҷонро бар уҳда хоҳад дошт. Дар музокирот Серж Саркисян ва Илҳом Алиев масъалаи Қарабоғи Кӯҳистониро баррасӣ мекунанд.

Мақомоти расмии Фаронса мегӯянд, президент Олланд дар Порис 27 октябр ба таври алоҳида бо ин ду раиси ҷумҳур мулоқот мекунад. Баъд аз он Саркисян ва Алиев худашон бо ҳам мулоқот хоҳанд кард.

Аз моҳи август ба ин ҷониб миёни нируҳои Қарабоғи Арманистон ва нируҳои Озарбойҷон зуд-зуд муноқиша сар мезанад ва дар ин муноқишаҳо бештар аз 20 нафар кушта шудаанд.

Аз аввалҳои солҳои 1990-ум Боку ва Ереван барои Қарабоғи Кӯҳистонӣ бо ҳам дар ихтилоф қарор доранд. Ҷудоихоҳон бо ҳимояти Арманистон Қарабоғро аз Озарбойҷон гирифтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG