Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 соли зиндон барои таҷовуз ба номуси духтари 10 сола


Як муллои афғон барои таҷовуз ба номуси духтари 10 сола дар масҷидаш ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи Кобул 25 октябр ҳукми худро барои мулло Муҳаммад Амин содир кард.

Духтар ва падараш аз ин ҳукми додгоҳ розӣ нашуданд ва гуфтанд, ки мулло бояд ба ҳабси абад макум мешуд. Бо вуҷуди ин гурӯҳи занони фаъол аз ин ҳукм истиқбол кард ва онро пирузии занон дар аъмоли таҷовузи зидди занону духтарон хонд.

Дар Афғонистон таҷовуз ба номус хиёнати зан ба шавҳар қаламдод мешавад ва аксар вақт барои хиёнат занонро ба зиндон мефиристанд.

Ҳассина Сарварӣ-раҳбари гурӯҳи занон дар вилояти Қундуз аз ин ҳукми додгоҳ истиқбол кард. Таҷовуз ба номуси духтари даҳсола дар ҳамин вилоят рух додааст.

8 октябр дар Кобул барои таҷовуз ба номус 5 марди мусаллаҳ ба дор кашида шуданд. Созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар аз Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳур хостаанд, ки барои таҷовуз мардонро ба дор накашанд.

XS
SM
MD
LG