Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизбҳои ҷонибдори Аврупо дар Украина пирӯз шуданд


Петро Порошенко

Петро Порошенко

Ҳизбҳои ҷонибдори Аврупо дар интихоботи порламонии Украина пирузии ҳамаҷониба ба даст оварданд ва умедворӣ пайдо шудааст, ки баъд аз як соли моҷароҳо ва чанд моҳи ҷанг бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи кишвар суботу оромӣ ба кишвар бармегардад.

Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, ки 27 октябр ба нашр расид, нишон медиҳад, ки эътилофи Петро Порошенко-раиси ҷумҳур ва Ҷабҳаи мардумии Арсений Ятсенюк-нахуствазир дар сафи пеши мубориза қарор доранд. Эътилофи Порошенко 21,6 ва Ятсенюк 21,7 дарсад рай гирифтаанд.

Баъд аз шумори бештар аз 30 дарсади оро ҳизби дигари ҷонибдори Аврупо бо номи “Сама-помош” бо 10,8 дарсад дар зинаи севвум ҷой гирифтааст.

Порошенко дар барномаҳои шомгоҳии телевизион 26 октябр гуфт, ки райдиҳандагон “аз ҳамгароӣ бо Аврупо ҳимоят карданд ва он баргаштнопазир аст”.

Вай гуфт, ки музокироти эътилофҳо 27 октябр оғоз меёбад ва эътилофи Ҷабҳаи мардумӣ ҳамкори муҳим ба шумор меравад. 4 ҳизби дигар мумкин аст ба порламон роҳ ёбанд, ки дар миёни онҳо ҳизбҳои мухолиф низ ҳастанд.

Ба эътилофи мухолиф бисёре аз аъзои ҳизби Виктор Янукович-раиси ҷумури пешин дохил мешавад ва Ҳиби Минтақаҳо низ аз ҷумлаи онҳост. Порламон ё Верховная Рада аз 450 курсӣ иборат аст.

XS
SM
MD
LG