Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори "МЧС"-и Тоҷикистон ба хориҷиён аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ


Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз меҳмонони хориҷӣ ва шикорчиён даъват намудааст, ки бинобар сардии ҳаво ва хатари сангрезӣ ва тармафароию роҳбандӣ, аз сафар ба кӯҳдоманаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Орифҷон Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рӯзи 27 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо назардошти пеш омадании сардии шадид дар ду рӯзи оянда, Кумитаи мазкур бо интишори як муроҷиатнома, аз меҳмонони хориҷӣ ва хусусан шикорчиён даъват намуд, ки аз сафар ба минтақаҳои кӯҳистон ва хатарнок худдорӣ кунанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сарфи назар аз боронгарӣ ва бориши барф дар бархе минтақаҳои кӯҳӣ, роҳҳои мошингард ба ҳамаи самтҳои кишвар боз аст ва масдудият дар роҳҳо мушоҳида намешавад. Раёсати иттилооти фаврии вазорати нақлиёти Тоҷикистон имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тайи рӯзҳои 27 ва 28 уми октябр ҳаво сард шуда, боронгарию бориши барф дар назар аст, вале роҳҳои мошингард ба ҳамаи самтҳо боз буда, барои ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳо шароити фароҳам оварда мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, феълан дар минтақаҳои кӯҳии кишвар бориши борон мушоҳида шуда ва дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳоло барф меборад.

Тибқи иттилои ҳавошиносони тоҷик, тайи ду рӯзи оянда дар кишвар ҳаво сард шуда ва боронгарӣ ва дар бархе аз манотиқ боридани барф дар назар дошта шудааст.

XS
SM
MD
LG