Пайвандҳои дастрасӣ

Ду пойгоҳи хориҷӣ ба дасти нерӯҳои афғон гузашт


Нерӯҳои дарёии Амрико ва сарбозони Бритониё ду пойгоҳи бузурги низомиро дар ҷануби Афғонистон ба ихтиёри нерӯҳои амниятии афғон вогузор карданд. Пойгоҳи «Малавон» дар вилояти стротежии Ҳилманд рӯзи 26-уми октябр ба дасти нерӯҳои афғон гузашт. Ин бузургтарин пойгоҳи низомии Амрикост, ки бо наздиктар омадани замони хатми маъмурияти ҷангии нерӯҳои хориҷӣ то рӯзи 31-уми декабри имсол дар ихтиёри нерӯҳои Афғонистон қарор мегирад. Пойгоҳи бритониёии «Истеҳком» ва охирин пойгоҳи низомии ин кишвар дар Афғонистонро дар ҳамин рӯз ба нерӯҳои афғон доданд. Ин пойгоҳ дар наздикии пойгоҳи Амрико ҷойгир аст. Баъди ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ, воҳиди 215-уми низомии Артиши миллии Афғонистон дар ин пойгоҳ мустақар мешавад ва касе аз нерӯҳои хориҷӣ дар вилояти Ҳилманд намемонад. Бар асоси созишномаи дуҷонибаи амниятӣ, ки Амрико ва Афғонистон моҳи сентябр имзо карданд, 10 ҳазор сарбози амрикоӣ баъди соли 2014 ҳам дар Афғонистон мемонанд.

XS
SM
MD
LG