Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Эронро барои ҳукми Райҳона интиқод кард


Давлати Амрико иҷрои ҳукми қатли як зани эрониро маҳкум кард, ки ӯро бо гуноҳи куштани маъмури cобиқи амниятӣ ба дор овехтанд. Ҷен Псаки, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, рӯзи 25-уми октябр гуфт, кишвараш аз ҳукми қатли Райҳона Ҷабборӣ ва ҷараёни таҳқиқи парванда “бисёр нигарон” аст. Ҷен Псаки гуфт, ин гузоришҳо мавҷуд аст, ки Райҳона Ҷабборӣ “зери фишори бисёр шадид” гуноҳро ба гардан гирифтааст. Ин духтар 5 сол пеш ба қатли Муртазо Абдулалӣ Сарбандӣ гунаҳкор дониста шуд, ҳарчанд гуфтааст, ки зимни дастдарозӣ ва муқовимат ба ин афсари собиқ ӯро бо корд зада кушт. Райҳона Ҷаббориро рӯзи 25-уми октябр дар Теҳрон ба дор овехтанд. Созмони Милал ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, ки додситонҳо бо таҳдиду фишор аз Райҳона Ҷабборӣ эътироф гирифтаанд. Ба гуфтаи Созмони Милал, танҳо дар ҳамин сол 250 нафар бо гуноҳҳои мухталиф дар Эрон қатл шудаанд.

XS
SM
MD
LG