Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Покистон 18 тундрави исломиро куштаанд


Артиши Покистон гуфт, бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ба паноҳгоҳҳои тундравон дар ноҳияи ноороми Хайбар дар марзи Афғонистон 18 нафари онҳоро куштааст. Дар баёнияи артиш аз рӯзи 26-уми октябр омадааст, ки нерӯҳои давлатӣ паноҳгоҳҳои Толибон ва гурӯҳи Лашкари исломро ҳадаф гирифтанд. Дар ин ҳамлаҳо дар рӯзи 25-уми октябр анбори бузурги аслиҳаву муҳимоти ин ҷангҷӯёнро нобуд кардаанд. Бар тибқи гузориши расонаҳои Покистон, яке аз фармондеҳони Лашкари ислом низ кушта шудааст. Ноҳияи Хайбар дар минтақаи қабоилнишини Покистон ҷойгир шудааст, ки дар инҷо Толибону Ал-Қоида фаъоланд ва ба нерӯҳои Покистон ва Афғонистон ҳамла мекунанд.

XS
SM
MD
LG