Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Украина интихоботи порлумонӣ идома дорад


Дар Украина интихоботи порлумонӣ идома дорад, ки онро раиси ҷумҳур Петро Порошенко, интихоботи “таърихӣ” хондааст. Раъйдиҳӣ соати 8 ба вақти маҳаллӣ шурӯъ шуд ва қарор аст, соати 8 бегоҳ тамом шавад. Як рӯз пеш аз интихобот Петро Порошенко бо муроҷиат ба мардуми Украина гуфт, интихобот "гузариши қудратро", ки моҳи феврал, баъди қиёмҳои мардумӣ ва суқути Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқи Русиягаро шурӯъ шуд, такмил мекунад. Ӯ аз мардуми Украина хост, порлумони “ислоҳотгаро, орӣ аз фасод, Украинаву Аврупогароро интихоб кунанд, на порлумони тарафдори шӯравиро.” Тақрибан 36,5 миллион нафар барои раъйдиҳӣ сабти ном кардаанд, аммо ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар вилоятҳои Луҳанск ва Донетск, ки 4 миллион аҳолӣ доранд, интихоботро мамнӯъ кардаанд. Бар асоси назарсанҷиҳо дар Украина ғолибан Ҳизби Петро Порошенко дар интихобот пирӯз шуда ва аксари курсиҳои порлумони дупалатаии Украинаро соҳиб мешавад.

XS
SM
MD
LG