Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муовини вазири хориҷии Қатар ба Душанбе омад


Ҳайати Қатар ҷиҳати иштирок дар Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои Осиёи Миёна, вориди Душанбе шуд. Тибқи иттилои сафорати Қатар дар Тоҷикистон, ин ҳайат дар раъси Рошид бин Халифа Оли Халифа, ёвари вазири умури хориҷии Қатар, ҷиҳати иштирок дар Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои Осиёи Миёна рӯзи шанбе вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Меҳмони қатариро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Парвиз Давлатзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Алӣ бин Муборак Ал- Муҳанадӣ сафири Қатар дар Душанбе ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд. Нахустин анҷумани сармоягузории СҲА рӯзҳои 27-28 октябр бо ҳузури намояндагон аз кишварҳои узви СҲА ва дигар созмонҳои молии байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Қатар яке аз ду кишвари арабист, ки дар Тоҷикистон сафоратхона дорад ва тарҳҳои бузургеро рӯи даст дорад. Бунёди бузургтарин масҷид дар шаҳри Душанбе ва сохтмони муҷтамаи "Диёр" анз ҷумлаи ин тарҳҳо ба маҳсуб мешаванд. Кишвари Қатар ҳамакнун талош дорад нахустин бонки исломиро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намояд. Тоҷикистон ба хотири ҷалби сармояи бештар аз кишварҳои мусалмонӣ, бахусус аз кишварҳои сарватманди халиҷи Форс, ки асосан бо бонкҳои исломӣ кор мекунанд, имсол заминаҳои қонунии таъсиси чунин бонкҳоро таҳия кард.

XS
SM
MD
LG