Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳри Зумари Ироқро аз дасти ҷангҷӯён гирифтанд


Нерӯҳои курд дар шимоли Ироқ ҷангҷӯёни созмони Давлати исломиро аз шаҳри Зумар ва чанд деҳаи атрофи он берун кардаанд. Генерал Карим Атутӣ ва як фармондеҳи нерӯҳои пешмаргаи курд гуфт, “баъди ҷанге, ки субҳи имрӯз шурӯъ шуд, мо бо кӯмаки ҳавопаймоҳои Амрико, нерӯҳои созмони Давлати исломиро аз маркази Зумар берун кардем.” Зумар дар 60 километрии шимолуғарби шаҳри Мосул ҷойгир аст, ки ин шаҳрро моҳи августи имсол ҷангҷӯён аз дасти нерӯҳои курд гирифтанд. Нерӯҳои Ироқ ҳам гуфтанд, ки рӯзи 25-уми октябр аксари қисматҳои шаҳри Ҷуфр ал-Сахр дар наздикии Бағдодро аз дасти ҷангҷӯён гирифтанд. Вазорати дифои Амрико ҳам рӯзи 24-уми октябр гуфт, ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар ба мавзеъҳои ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ дар Ироқу Сурия зарба задаанд. Аз ҷумла 23 дафъа дар Ироқ ва як дафъа дар наздикии шаҳри курднишини Кубонӣ дар Сурия.

XS
SM
MD
LG