Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиси мегӯяд, Миср барои бақояш мубориза дорад


Абдулфаттоҳ ал-Сиси, раиси ҷумҳури Миср, гуфт, ҳамлаи хунин ба посгоҳи артиш дар нимҷазираи Синаӣ “амалиёти сармоягузоришуда аз хориҷ" будааст. Дар ин ҳамлаи рӯзи 24-уми октябр 30 сарбози мисрӣ кушта шуданд. Абдулфаттоҳ ал-Сиси рӯзи 25-уми октябр зимни суханронӣ дар телевизиони давлатии Миср гуфт, қудратҳои хориҷие ҳастанд, ки мехоҳанд, “миёни Мисрро бишкананд.” Ӯ афзуд, ки Миср барои “бақои худ” мубориза дорад ва ваъда дод, ки барои маҳви тундравон дар кишвар тадбирҳои қотеъ меандешад. Баъди ҳамла ба нимҷазираи Синаӣ, ҳукумати Миср дар инҷо барои се моҳ вазъи фавқуллода эълон кард ва гузаргоҳи сарҳадӣ бо Навори Ғаззаро баст. Ҳамла ба сарбозон дар Синаи, хунбортарин ҳамла дар чанд соли ахир ба шумор меравад. Дар Миср ба хотири сарбозони кушташуда се рӯз мотами миллӣ эълон карданд.

XS
SM
MD
LG