Пайвандҳои дастрасӣ

Сокини Хуросонро бо "ёқути сурх" дастгир кардаанд


Мақомоти интизомии Тоҷикистон як нафарро бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунӣ бо сангҳои гаронбаҳо боздошт кардаанд. Вазорати умури дохилӣ рӯзи 25-уми октябр гуфт, Шовалӣ Алишеров, сокини 47-солаи ноҳияи Хуросонро рӯзи 22-уми октябр дар назди Донишгоҳи металлургии шаҳри Чкалов бо 42 адад сангҳои гаронбаҳои “ёқути сурх” дастгир карданд, ки дар маҷмӯъ бештар аз 43 грамро ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи вазорат дар ин замина парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда ва мақомот таҳқиқ доранд, ки Шовалӣ Алишеров сангҳоро аз куҷо гирифта ва ба кӣ фурӯхтанӣ будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG