Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Афғонистон ба зиёрати Макка рафт


Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, дар нахустин сафари хориҷиаш ба Арабистони Саудӣ ба зиёрати Макка рафтааст. Дар баёнияи дафтари матбуоти дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз рӯзи 25-уми октябр омадааст, ки Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба зиёрати хонаи Худо меравад ва сипас бо Абдулло, шоҳи Арабистони Саудӣ ва дигар мақомоти расмӣ масоили мавриди таваҷҷӯҳи ду тарафро баррасӣ мекунад. Баъд аз ин раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи 28-уми октябр ба Чин меравад ва дар ҷараёни сафари серӯза бо раиси ҷумҳур Хи Ҷинпинг ва сармоягузорони эҳтимолӣ масъалаи барқарорсозии Афғонистонро баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG