Пайвандҳои дастрасӣ

Миср дар Синаӣ вазъи фавқуллода эълон кард


Ҳукумати Миср баъди ду ҳамлаи хунин ба маъмурони амниятӣ дар нимҷазираи Синаӣ дар ин минтақа барои се моҳ вазъи фавқуллода эълон кард. Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи ин ҳамлаҳо дар рӯзи 24-уми октябр 33 нафар кушта шуданд. Баъди аз қудрат барканор кардани Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои Миср, дар моҳи июли соли гузашта бори аввал аст, ки маъмурони амниятии Миср чунин талафоти бузург медиҳанд. Рӯзи ҷумъа дар ҳамлаи аввал дар ноҳияи Ал-Харуба дар шимолу ғарби шаҳри Ал-Ариш ва дар наздикии Навори Ғазза 30 нафар ҷон доданд. Чанд соат баъд аз ин афроди мусаллаҳи ношинос бо тирандозӣ ба як посгоҳ дар Ал-Ариш се маъмури амниятии дигарро куштанд. Маълум нест, ҳамлаҳо кори дасти кадом гурӯҳ аст. Аммо дар гузашта масъулияти ин гуна ҳамлаҳоро гурӯҳи тундрави Ансор Байт ал-Мақдӣ бар дӯш гирифтааст.

XS
SM
MD
LG