Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаронса ҳукми истирдоди Аблиёзовро содир кард


Додгоҳи таҷдиди назар дар шаҳри Леони Фаронса иҷоза додааст, ки Мухтор Аблиёзов, яке аз бонкдорони сарватманди қазоқ истирдод шавад. Ба гуфтаи додгоҳ, дар сурати истирдод ӯро ба Русия медиҳанд, ки дар баробари Украина ва Қазоқистон, Мухтор Аблиёзовро ба тақаллуби молӣ муттаҳам карда ва хостори истирдоди ӯ шудааст. Духтараш Мадина Аблиёзова ва вакили дифоъи ӯ Марк Фейҷин рӯзим 24-уми октябр дар сӯҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, дар воқеъ ҳукми истирдоди Аблиёзов таъйид шудааст. Онҳо афзуданд, ки аз ин ҳукм ба Додгоҳи болоии кассатсионии Фаронса шикоят мебаранд. Мухтор Аблиёзов ба он муттаҳам мешавад, ки вақти раисиаш дар БТА бонки Қазоқистон 5 миллиард долларро дуздидааст. Вазири собиқи энергетика ва аз пешвоёни собиқи мухолифони давлат дар Қазоқистон, мегӯяд, парвандаи ҷиноӣ ба зидди ӯ ангезаҳои сиёсӣ дорад. Мухтор Аблиёзовро пас аз чанд моҳи фирору пинҳон шудан моҳи июли соли гузашта дар Фаронса дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG