Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи тоҷик" телефони боварӣ ташкил кард


Дар ҳоле, ки шикоятҳо аз риоя нашудани лимити барқ аз сӯи сокинон зиёд мешавад, ширкат “Барқи тоҷик” ба мақсади ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии барқ ва ҳалли мушкилоти сокинон дар рӯзҳои маҳдудияти барқрасонӣ, телефонҳои боварии худро ташкил кардааст. Ба иттилои масъулони ин ширкат, сар аз 27 октябр ин телефонҳо ба таври шабонарӯзи амал мекунанд ва зангҳои муштариён сабт шуда ва кормандони бахшҳои техникӣ оҷилона барои рафъи мушкилот вориди амал мешаванд. Ба гуфтаи масъулони дафтари матбуоти “Барқи тоҷик”, ҳар як шаҳрванд метавон бо шамораи боварӣ дар мавриди ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии барқ, ки амалан ғорати як қисмати рушноӣ ва гармии ҳама афроде ҷомеа аст, иттилоъ бидиҳад. Сар аз моҳи октябр дар минтақаҳои рустоии Тоҷикистон маҳдудияти барқрасонӣ ҷорӣ шудааст ва то фасли баҳор идома мекунад.

XS
SM
MD
LG