Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири тоҷик масъалаи муҳоҷиронро бо Русия баррасӣ мекунад


Сумангул Тағойзода

Сумангул Тағойзода

Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки Сумангул Тағойзода-вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо раиси Хадамоти муҳоҷирати федералии Русия Константин Ромодановский дар Маскав оид ба масоили буду боши муҳоҷирони кории тоҷик мулоқот кардааст.

Сумангул Тағойзода дар Ҳайати вакилони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Маскав қарор доранд.

Хонум Тағоева бо Ромодановский дар бораи ҷараёни иҷрои иҷозати шаҳрвандони Тоҷикистон барои вуруди дубора ба хоки Русия, ки ба далели нақзи шароити иқомат ва кор мамнуъулвуруд шудаанд, баррасӣ кардааст.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон талош дорад ,ки Хадамоти муҳоҷирати Русия ин муҳоҷирини мамнуъулвурудро афв кунанд.

Аз сӯи дигар, Хадамоти федеролии марзбонии Русия хабар медиҳанд,ки тайи як ҳафтаи ахир аз вуруди 42 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз фурӯдгоҳи Душанбе ба Русия парвоз карда буданд, ҷилавгирӣ ба амал омдааст.

XS
SM
MD
LG