Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия 5 маркази шиносномадиҳӣ боз мешавад


Шиносномае, ки дигар дар Русия эътироф намекунанд

Шиносномае, ки дигар дар Русия эътироф намекунанд

То охири моҳи октябр Тоҷикистон дар Русия 5 маркази дигари шиносномадиҳӣ боз мекунад. Дар ин бора Озода Раҳмон-муовини аввали вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст. Ҳоло дар Тоҷикистон 101 нуқта ҳақи додани шиносномаро доранд. Дар Русия 3 нуқта фаъолият мекунад.

Бар асоси муқаррароти эълоншуда, баъд аз 1 январи соли 2015 шаҳрвандони Тоҷикистону Русия танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд марзи якдигарро бигзаранд.

Озода Раҳмон мегӯяд, соли ҷорӣ Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ фақат шиносномаҳои биометрӣ додааст ва дар давоми як сол 240 ҳазор нафар чунин шиноснома гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG