Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико намегузорад, ки Эрон кишвари ҳастаӣ шавад


Вендӣ Шерман
Вендӣ Шерман

Намояндаи Амрико дар музокироти ҳастаии Эрон гуфтааст, Вашингтон роҳ нахоҳад дод, то Эрон соҳиби аслиҳаи ҳастаӣ шавад. Хонум Вендӣ Шерман-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико дар умури сиёсӣ зимни суханони худ дар Маркази стратегии мутолеоти байналмиллалӣ ба Эрон ҳушдор дод, ки Эрони дорои аслиҳаи ҳастаӣ метавонад сабаби оғози мусобиқаи таслиҳотӣ дар минтақа шавад ва он дар оянда минтақаро ноором ва хатарнок мекунад.

Шерман таъкид кард, ки Амрико мехоҳад аз роҳҳои дипломатӣ ба ҳадафҳои худ бирасад. Вале вай афзуд, ки “Эрон набояд соҳиби алиҳа шавад”.

Шерман ҳамчунин эътироф кард, ки музокирот зиддунақиз анҷом мегирад ва баъзеҳо мехоҳанд, ки дар он комёб шаванд, дар сурате ки дигарон бояд ноком бошанд. Шерман ин суханонро дар остонаи хатми мӯҳлати қарордоди шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон изҳор дошт. Қарор аст 24 ноябр ин мӯҳлат ба поён расад

XS
SM
MD
LG