Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Канада ду ҳамла бо ҳам иртибот надоранд


Мақомоти амниятии Канада мегӯянд, марди мусаллаҳе, ки 22 октябр дар Оттава тирандозӣ кард, худаш танҳо амал кардааст. Ба гуфтаи онҳо, ин ҳамла ба ҳамлаи аввали ҳафта иртибот надорад.

Боб Полсон-комиссари салтанатии Канада мегӯяд, Майкл Зиҳоф Бибо шаҳрванди Канада аст ва ҳамзамон шаҳрвандии Либияро низ дорад. Бибо пеш аз ҳамла ба бинои порламон ва ворид шудан ба он як сарбозро ба қатл расонд. Бибо дар рӯзҳои охир шиноснома дархост карда будааст ва пулис мегӯяд, ки вай мехост ба Сурия равад.

20 октябр дар ҳодисаи Квебек Мартин Ролео бо мошини худ ду нафарро пахш кард, яке аз онҳо даргузашт, вале пулис вайро бо зарби тир ба ҳалокат расонд.

XS
SM
MD
LG