Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагиҳо ба нишасти СҲИ дар Душанбе


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо баргузор кардани брифингӣ хабарӣ, омодагиҳои Душанбе ба нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони Ҳамкориҳои исломӣ барои Осиёи Миёнаро ба доираи васеи намояндагони васоити ахбори дохилӣ ва хориҷӣ шарҳ дод. Вафо Ниятбеков, як масъули вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 24 октябр ба хабарнигорон гуфт, ки тайи рӯзҳои 27-28 октябр дар шаҳри Душанбе нахустин Анҷумани сармоягузории СҲИ доир мешавад, ки дар он намояндагони кишварҳои аъзои ин созмон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Миёна, созмонҳои молиявии байналмилалӣ ширкат мекунанд. Ҳадаф аз ин нишаст,рушди сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Миёна мебошад. Қарор дар маросими ифтитоҳи ин нишасти байналмилалӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дабири кулли СҲА Иёд Амин Маданӣ, президенти Бонки исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ суханронӣ намоянд. Тоҷикистон соли 1992 ба узвияти Созмони ҳамкориҳои исломӣ пазируфта шуда ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна низ узви ин созмон мебошанд. Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар ҳоли ҳозир 57 узв дорад ва баъд аз Созмони Миллали Муттаҳид бузургтарин созмони байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG