Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия ба 200 пешмаргаи курд иҷозаи убур дод


Пешмаргаҳои курд

Пешмаргаҳои курд

Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия мегӯяд, ки ҳудуди 200 нафар нируҳои Пешмаргаи курдро аз қаламрави худ барои рафтан ба Сурия иҷоза хоҳад дод, то онҳо дар Кубонӣ ба курдҳо кӯмак кунанд. Ин шаҳр бештар аз як моҳ дар муҳосираи тундравҳои Давлати Исломӣ қарор дорад.

Эрдуғон 23 октябр дар Латвия гуфт, гурӯҳи курдҳои Сурия бо номи Ҳизби Иттиҳоди Демократӣ ба ин амалиёт розӣ шудааст. Ҳоло дар Кубонӣ тақрибан 2000 нафари дигар аз аъзои ин гурӯҳ бар зидди тундравҳо меҷанганд. Кубонӣ дар шимоли Сурия дар наздикии марз бо Туркия қарор дорад.

22 октябр порламони минтақаи курдҳои Ироқ ризоят дод, ки пешмаргаҳои курд ба Кубонӣ бираванд ва бар зидди гурӯҳҳои тундрави Давлати Исломӣ биҷанганд.

XS
SM
MD
LG