Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари 17 намояндаи ҳизби ҳоким ба Чин


Як ҳайати 17-нафара аз ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) бо даъвати ҳизби коммунисти Чин ба он кишвар сафар кардааст. Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ рӯзи 23 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ҳайат субҳи имрӯз дар раъси Ҷамшед Саидов, раиси кумитаи иҷроии ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ҳамчунин намояндагони расонаҳои ин ҳизб ба Чин сафар карданд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Солеҳ, сафари масъулони ХҲДТ ба Чин дар чорчӯби ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳизбӣ, ба хусус табодули ҳайатҳои ҳизбҳои ҳокими ҳар ду кишвар сурат гирифтааст. Ҷаноби Солеҳ ҳадаф аз ин сафарро шиносоӣ бо сохтори ҳизби ҳокими Чин ва фаъолияти дастгоҳҳои табъу нашри ин ҳизби коммунисти кишвари ҳамсоя унвон кард.

Сафари ҳайати ҲХДТ ба Чин 13 рӯз идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG