Пайвандҳои дастрасӣ

Чину Эрон хостори тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ шуданд


Чанг Вангуан ва Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ дар Пекин

Чанг Вангуан ва Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ дар Пекин

Вазири дифои Чин ба фармондеҳи нируҳои дарёии Ирон дар ҷараёни боздидаш аз Чин гуфтааст, ки Пекин мехоҳад робитаҳои низомӣ бо Эронро таҳким бахшад.

Матбуоти давлатии Чин суханони дарёсолор Ҳабибуллоҳ Сайёрро аз забони Чанг Вангуан нақли қавл кардааст. Бино ба ин навишта, нируҳи мусаллаҳи ҳар ду кишвар дар бахши тамрину машқҳои дигари саҳроӣ дурнамои хуби ҳамкорӣ доранд.

Сайёрӣ гуфт, Эрон омода аст, “ҳамкориҳои нируҳои мусаллаҳи ду кишвар, ба вижа нируҳои дарёиро густариш диҳад”. Вай гуфтааст, ки Теҳрон ва Пекин метавонанд дар амалиётҳои зидди роҳзанона низ ҳамкорӣ кунанд.

Чин кишвари асосии харидори нафи Эрон ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG