Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони фурудгоҳи Внуковои Маскав истеъфо доданд


Пораҳои ҳавопаймои Марҷерӣ
Пораҳои ҳавопаймои Марҷерӣ

Раҳбарони боломақоми фурудгоҳи Внуковои Маскав аз мақомҳои худ истеъфо доданд ва чаҳор корманди фурудгоҳ боздошт шуданд. Ин ҳама ба ҳодисаи ҳавопаймои раиси ширкати Тотали Фаронса иртибот дорад, ки дар натиҷаи ин ҳодиса Кристоф Марҷерӣ-раиси ин ширкати бузурги нафти Фаронса кушта шуд.

Шоми 20 октябр ҳангоми ба ҳаво бархостан ҳавопаймои вай бо мошини барфпоккунанда бархӯрд ва оташ гирифт. Дар ин ҳодиса 3 нафари дигар аз халабонон низ ба ҳалокат расиданд.

Кумитаи бозрасии Русия 23 октябр гуфт, ки додситонӣ нозири хатҳои парвоз, раҳбари вай, нозири парвозҳо ва раиси бахши поккориро боздошт кардааст.

Ҳамзамон фурудгоҳ эълон кардааст, ки Андрей Дяконов-раиси умумии фурудгоҳ ва Сергей Солнцев-муовини вай аз мақомҳояшон истеъфо додаанд.

Ронандаи мошини барфпоккун билофосила боздошт шуда буд. Вай мегӯяд, ки “худро гум кардааст” ва намедонистааст, ки ба хати парвоз ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG