Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии шикояти раиси "Ином" дар додгоҳи Хатлон


Додгоҳи вилояти Хатлон ба баррасии шикояти Санавбар Абдуллоева, раиси бозори “Ином” пардохтааст. Абдуллоева аз тарафи додгоҳи ноҳияи Шаҳритӯс барои сарпечӣ аз иҷрои қарори Додгоҳи олии иқтисодӣ тибқи моддаи 530 Кодекси маъмурӣ 120 сомонӣ ҷарима шуда буд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи Санавбар Абдуллоева рӯзи 23 октябр ба Озодӣ гуфт, ҳкми ҷаримаи муваккилаш ба навори видеоии пурсарусадо дар шабакаи Ютюб бармегардад, ки лаҳзаи ба бозори “Ином” омадани иҷрочиёни додгоҳ ба хотири 50 ба 50 тақсим кардани он байни хонаводаи Абдуллоевҳо ва намояндагони Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президенти Тоҷикистонро намоиш медод. Абдуллоеваро иҷрочяии додгоҳ Одинаев ба он айбдор кардааст, ки монеъи тақсими бозор шуда буд. Ӯ ба ҳамин далел ҷарима баста шуд. Вале Санавбар Абдуллоева мегӯяд, монеъи тақсими бозор нашуда буд ва ӯро беасос ҷарима бастаанд.

Баҳси бозори “Ином” байни хонаводаи Абдуллоевҳо ва додарарӯси президенту шарики ӯ Холназар Достиев чанд сол боз идома дорад. Дар моҳи май Додгоҳи олии иқтисолӣ қарор кард, ки ин бозори воқеъ дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс байни даъвогарон 50 ба 50 тақсим карда шавад.

XS
SM
MD
LG