Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барнои Қодирдухт - сардабири “Истиқбол”


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон шоира ва рӯзноманигори тоҷик Барнои Қодирдухтро сардабири маҷаллаи фарҳангии “Истиқбол” (қаблан - “Машъал”) таъин кард. Барнои Қодирдухт дар ин мақом адиби тоҷик Латофат Кенҷаеваро иваз кард. Дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон 23 октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки шоми 22 октябр масъулони вазорат Барнои Қодирдухтро ҳамчун сардабири нави маҷаллаи “Истиқбол” ба ҳайати эҷодии маҷалла муаррифӣ намуд.

Маҷаллаи “Истиқбол” дар замони шӯравӣ бо номи “Машъал” нашр шуда, аслан барои наврасҳо буд. Баъдтар вазорати фарҳанги Тоҷикистон номи ин маҷалаи маъруфро бо “Истиқбол” иваз намуд ва то ҳол ҳамчун маҷаллаи фарҳангӣ ба нашр мерасад.

XS
SM
MD
LG