Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Эрон ҳазорон нафар тазоҳурот карданд


Рӯзи 22-уми октябр ҳазорон нафар дар шаҳрҳои Теҳрон ва Исфаҳони Эрон ба нишони эътироз аз пошидани тезоб ва ё кислота ба рӯи занон тазоҳурот карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, садҳо нафар дар назди порлумони Эрон дар шаҳри Теҳрон ва садҳо тани дигар дар назди вазорати адлия дар Исфаҳон ҷамъ омаданд. Ҳамлаҳо бо тезоб ба занон дар ҳамин шаҳр сурат гирифт. Тазоҳургарон талаб доштанд, ки мақомоти Эрон амнияти занонро таъмин кунанд ва шиор медоданд, ки кислотапошӣ ҷиноят аст. Муовини шаҳрдори Исфаҳон тазоҳуротро ғайриқонунӣ хондааст ва маъмурони зиёди пулис дар маҳалли тазоҳурот ҳузур доштаанд. Баъзе аз духтарони мавриди ҳамла қароргирифта ва ҳамчунин Насрин Сутуда, Муҳаммад Нуризод, Наргис Муҳаммадӣ аз ҳомиёни фаъоли ҳуқуқ дар тазоҳурот ширкат карданд. Бино ба гузоришҳо маъмурони пулис Муҳаммад Нуризодро дастгир кардаанд. Пулиси Эрон чаҳор нафарро бо иттиҳоми пошидани тезоб ба занон дар Исфаҳон боздошт кардааст. Чаҳор ҳодисаи кислотапошӣ дар ин шаҳр сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG