Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири Салиби Сурх: "Пеши роҳи эболаро гирифтан мумкин аст"


Мудири кулли созмони Салиби Сурх гуфт, дар сурати андешидани тамоми тадбирҳои зарурӣ мумкин аст, дар муддати “аз 4 то 6 моҳ” пеши роҳи эпидемияи бемории эбола гирифта шавад. Элҳадҷ Ас Си рӯзи 22-уми октябр гуфт, бо “инзивои хуб, табобати хуби беморон, дафни хубу бехатар ва боэҳтироми афроди ҳалокшуда” метавон, эболаро зери назорат даровард. Ин бемории хатарнок дар муддати 10 моҳи ахир 4500 нафарро асосан дар кишварҳои Ғарби Африқо кушт. Айни замон дар Амрико меъёрҳои нави тафтиши мусофироне, ки аз Сйерра Леон, Либерия ва Гвинея меоянд, ба иҷро даромад ва ин мусофирон ҳангоми вуруд дар яке аз панҷ фурудгоҳҳои муайяншудаи Амрико тафтиши иловагӣ мешаванд. Дар Амрико эбола ба се нафар сироят кардааст ва як нафарро ҳам куштааст.

XS
SM
MD
LG