Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар музокироти Русия ва Украина пешрафт ҳосил шудааст


Гуэнтер Оэтингер, масъули умури энержии Иттиҳодияи Аврупо, гуфт, дар музокирот дар бораи фурӯши гази Русия ба Украина дар рӯзи 21-уми октябр ду тараф ба пешрафти чашмгир ноил шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, бар асоси тавофуқи мувақаттӣ, Украина қасд дорад, то охири ҳамин сол аз Русия 4 миллиард метри мукааб гази табиӣ бихарад. Гуэнтер Оэтингер афзуд, Украина то охири моҳи октябр 1 миллиарду 400 миллион доллар қарзи гази Русияро мепардозад ва 1 миллиарду 600 миллион доллари дигарро бояд то охири моҳи декабр пардохт кунад. Александр Новак, вазири энергетика ва раҳбари ҳайати Русия дар музокирот гуфт, кишвараш барои ҳар ҳазор метри мукааб гази табиӣ барои Украина 385 доллар муқаррар кардааст, назар ба нархи як ҳафта пеш таъйиншуда 100 доллар арзонтар аст. Ба қавли Александр Новак, қимати нав аз моҳи октябр то охири моҳи марти соли 2015 бетағйир мемонад. Ӯ афзуд, Иттиҳодияи Аврупо бояд кафолат диҳад, ки Украина то охири ҳамин сол 5 миллиарду 300 миллион доллар қарзи гази Русияро мепардозад. Ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 29-уми октябр бори дигар дар Брюссел мулоқот мекунанд.

XS
SM
MD
LG