Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҷангҷӯён ба Кубонӣ суст шудааст


Артиши Амрико гуфт, размандагони курд ҳамчунон қисматҳои бузурги шаҳри марзии Кубонии Сурияро зери назорат доранд ва тундравони созмони Давлати исломӣ дар чанд рӯзи гузашта натавонистаанд, пешравӣ кунанд. Ҷон Кирби, сухангӯи вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида рӯзи 21-уми октябр гуфт, “авзоъ” дар шаҳр ҳанӯз ҳам ҳассос аст, вале то ҳол нерӯҳои курд дар мавқеъҳои худ мустаҳкам истодаанд ва зарбаҳои ҳавоии Амрико, ҳамлаҳои ҷангҷӯёни Давлати исломиро суст кардааст. Вай афзуд, ҷангҷӯён ҳамчунон ба шаҳри Кубонӣ таҳдид мекунанд. Нерӯҳои Амрико шаби гузашта зарбаҳо ба мавқеъҳои Давлати исломиро идома доданд ва пеш аз ин дар рӯзи 20-уми октябр ҳавопаймоҳои Амрико ба нерӯҳои курд дар Кубонӣ аз ҳаво, силоҳу муҳимот ва доруворӣ партоб карданд. Ба қавли Ҷон Кирби, ҳадди аққал яке аз 28 бастаи аслиҳаи партобшуда, тасодуфан ба дасти ҷангҷӯёни Давлати исломӣ афтодааст. Ба қавли нозирону шоҳидони айнӣ, ҷангҳо рӯзи 21-уми октябр дар Кубонӣ фурӯ нишастааст.

XS
SM
MD
LG