Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ҲНИТ бар ШКД Кӯлоб дурӯғ будааст


Полковник Ҷумъахон Назаров, сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб рӯзи 22 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ягон бозии футбол байни тими гӯё ин ШКД ва дастаи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) сурат нагирифтааст ва хабарҳои нашршуда дар ин бора бар пояи гузориши сомонаи ҲНИТ дурӯғ аст.

Рӯзи 21 октябр дар сомонаи Радиои Озодӣ бо такя ба сомонаи расмии ҲНИТ хабаре нашр шуд, ки мегуфт, тими "Тавҳид"-и ин ҳизби мухолиф дар як мусобиқаи футбол дар шаҳри Кӯлоб бар тими шӯъбаи умури дохилаи ин шаҳр бо ҳисоби 6:3 пирӯз шудааст. Аммо маълум шуд, ки ин бозӣ на бо тими ШКД, балки бо дастаи "Сино" аз маҳаллаи 58-уми Кӯлоб сурат гирифтааст.Ҷомӣ Ҳабибов, сарпарасти дастаи "Тавҳид" низ рӯзи 22 октябрдар сӯҳбат бо Озодӣ тасдиқ кард, ки бозӣ байни "Тавҳид" ва тими "Сино" аз маҳаллаи 58 доир шудааст ва ШКД шаҳри Кӯлоб аслан дастаи футбол надорад ва дар рӯйхати ширкаткунандагони мусобиқаи футбол ба шарафи 20-солагии Қонуни асосии Тоҷикистон дар Кӯлоб низ чунин тим нест.

Сомонаи ҲНИТ низ як рӯз баъд аз нашри ин хабар дар сомонааш тавзеҳ навишт, ки "тими рақиби наҳзат ВКД набуда, балки тими Сино будааст, ки дар он чанд нафар кормандони ВКД низ бозӣ мекардаанд. Бинобарин хабар ислоҳ карда мешавад."

Радиои Озодӣ барои нашри ин хабари носаҳеҳ дар бораи ШКД шаҳри Кӯлоб изҳори таассуф мекунад.

XS
SM
MD
LG