Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Шӯҳрат Қудратов ба додгоҳ меравад


Муфаттишони Оҷонсии зидди коррупсия мӯҳлати тафтишоти пешакии парвандаи вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратовро анҷом доданд ва қарор аст парвандаи ӯ дар моҳи ноябр ба додгоҳи Сино ирсол дошта шавад.
Раҳматулло Зоиров, вакили мудофеи Шӯҳрат Қудратов имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи муфаттишони Оҷонсии зидди коррупсия тафтишоти пешакии думоҳаи парвандаи Шуҳрат Қудратовро анҷом доданд ва интизор меравад дар авоили моҳи ноябр ба додгоҳ ирсол дода шавад. Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июли соли равон дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қасди додани пора ба як додрас боздошт шуд. Оҷонсии зидди коррупсия ӯро тибқи моддаи 320-и Кодекси ҷиноӣ, яъне пора додан ба як додраси то ҳанӯз исмаш номаълум гумонбар дониста буданд.

Ахиран Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Шӯҳрат Қудратов, вакили боздоштшудаи Зайд Саидов, бо иттиҳоми қаллобӣ айбномаи нав эълон карда бар асоси моддаи 247-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қаллобӣ) мутаҳам кард. Иттиҳоми нав алайҳи вакили соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов бар асоси шаҳодати Тӯрабек Охунов, бародари раиси низ зиндонишудаи ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов эълон шудааст. Қудратов муддати ду сол аз ҳуқуқи хонаводаи Охуновҳо ва ширкати ӯ низ ҳимоя мекард ва ҳоло Тӯрабек Охунов вакили собиқашро ба қаллобӣ ва тасарруфи 10 000 доллар ҳамчун ришва айбдор мекунад.

Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июли соли равон дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қасди додани пора ба як додрас боздошт шуд. Ӯву тарафдоронаш боздошти ин вакили шинохтаро сиёсӣ ва интиқоми мақомот барои мавқеи фаъолаш дар амри ҳимоят аз соҳибкори маъруф ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов мешуморанд.

XS
SM
MD
LG