Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Озарбойҷон афв эълон шуд


Зиндоне дар Боку
Зиндоне дар Боку

Иттиҳодияи Аврупо аз афви эълонкардаи Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон истиқбол кард. Вай ҳафтаи гузашта афви баъзе зиндониёнро эълон кард.

Сухангӯёни Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷа ва Стефан Фуле-комиссари тавсеаи Аврупо 20 октябр эъломияе пахш карданд ва дар он гуфта мешавад, ки бар асоси ин афв ҳудуди 80 нафар зиндониён раҳо хоҳанд шуд, ки дар миёни онҳо чаҳор нафар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ҳастанд.

Онҳо ин иқдоми раиси ҷумҳури Озарбойҷонро барои даст кашидан аз равандҳои моҳҳои ахир масбат арзёбӣ карданд ва аз мақомоти Озарбойҷон хостанд, ки афв идома ёбад ва дар оянда зиндониёне аз созмонҳои иҷтимоӣ низ ба ин гуна афв дохил шаванд.

XS
SM
MD
LG