Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзноманигори тоҷик Саъдӣ Юсуфӣ дар матлабе мафҳуми "зиндагии бидуни кӯдак"-ро ба баррасӣ гирифтааст, ки инҷо ба нашр мерасад.

Вожаи "чайлдфрӣ" аз ду калимаи англисӣ "чайлд/child- кӯдак" ва "фрӣ/free- озод" гирифта шудааст, ки дар якҷоягӣ ва ё дар истилоҳ ба маънои "зиндагии бидуни кӯдак" ва ё "ҳаёти бидуни фарзанд- бездетность"аст. Ин вожа дар забони русӣ бо ҳамин асли англисӣ пазируфта шуда мавриди корбурд қарор дорад ва аҷабе нест, ки баъди чанд муддате вориди забони модарии мо низ шавад.

"Чайлдфрӣ" ба занҳое гуфта мешавад, ки озодона ва бо хоҳиши худ зиндагии бидуни кӯдакро интихоб мекунанд(бездетная жизнь) на барои он, ки онҳо ақим ва ё нозо ҳастанд, балки ба ин сабаб, ки онҳо намехоҳанд фарзанддор бошанд ва ҳаёти бекӯдакро бар зиндагии бо кӯдак тарҷеҳ медиҳанд.

Дар ҷаҳони Ғарб ва ахиран дар Руссия ин тамоюл мушоҳида шуда афроди "чайлдфрӣ" аз вуҷуди худ дарак медиҳанд. Занҳое, ки дар ин роҳ қадам мениҳанд, афроде ҳастанд, ки бар хилофи пиндори умум муҳимтарин миссияи зиндагӣ барои онҳо "модар шудан ва фарзанд парвардан" нест, балки барои ҳадафҳои дигаре чун "лаззати максималӣ бурдан аз зиндагӣ", "озод будан аз қайду банди вобастагӣ ва ӯҳдадориҳои сангини волидайнӣ" бо "кору сайёҳат" машғул шудан ҳаст. Онҳо фарзанддор шуданро тасмими шахсии ҳар зан медонанд ва ҳаёти наве ба дунё эҳдо карданро муҳимтарин мақсади зиндагӣ намеҳисобанд. Ба пиндори онҳо, бе фарзанд ҳам метавон зиндагии рангину ширине дошт. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ин гурӯҳ аз занҳо мушоҳида нашудаанд ва агар ҳам зане зиндагии бекӯдак дорад ё ба ин сабаб аст, ки иллате чун нозоӣ ва ақимӣ дорад ва ё ҳам ба далели наёфтани ҷуфти муносиб, шавҳар накардаасту дар пайи он фарзанд ҳам ба дунё наовардааст.

Бонувони тоҷик ба далелҳои гуногуне нигоҳашон ба зиндагӣ мисли гузашта бар ҳамон фитрати дурусту ангезаҳои солими гузаштаҳост яъне ҳар духтар аз хурдӣ талқин мешавад ва тарбияаш чунин аст, ки баъди расидан ба синни рушд бояд издивоҷ кунаду модар шавад. Аммо дар дунёе, ки ҷаҳонишавӣ ба суръати баланд дар ҳаракат асту замони мо, давраи иттилоъоту табодули маълумот аст, дер ё зуд чунин падидае ба ҷомеаи мо низ мерасад ва ҳатман бонувоне пайдо мешаванд, ки аз ин равиш хушашон меояд ва талош мекунанд зиндагие ончунонӣ дошта бошанд.

"Чайлдфрӣ" дар тарозуи дину ахлоқ

Аз лиҳози динӣ "чайлдфрӣ" ба чанд далел амри мазмуму нохушоянде ҳаст. Аввал барои он, ки бар хилофи фитрату тинати як зан ҳаст, ки ангезаву ғаризаи занонаи солим дар ҳар бону, тақозои ҳамлу зоишро мекунад ва аз суйи дигар ин кор бар хилофи таълимоти ҳазрати Расули Акрам саллалоҳу алайҳи ва саллам ҳаст, ки фармудааст "никоҳ кунед зиёд шавед, ки ман бо зиёдии шумо дар рӯзи растохез назди умматони дигар меболам". Ин ҳадис амри ба сароҳат ба издивоҷу зиёд шудан мекунад. Пас ҳар зане, ки бар хилофи ғаризаи худ ҳаракат карда, аз модаршудан мепарҳезад, хилофи роҳнамоии ҳазрати Расуллаллоҳ (с) кор кардааст. Дар ривояти дигар ҳазрати Рисолатпаноҳ (с) мефармояд, ки "бо занҳои бисёртаваллудкунанда ва бисёрмуҳаббатварзанда издивоҷ кунед". Дигар ин, ки Ислом дини фитрати инсонист ва Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу ва таъло инсонҳоро ҷуфт офаридааст то издивоҷ кунанду насли башар идома ёбад (ва халақнокум азвоҷа- ва шуморо ҷуфт офаридем. Наба-8) аммо "чайлдфрӣ" хилофи ин амр аст.

Аз лиҳози ахлоқи тоҷикӣ низ ин кори нодуруст аст, зеро ҳар бонуе ҳар зани солиме ниёз ба омезиш бо ҷинси мухолиф дорад. Ва ҳар омезише бидуни издивоҷу қавонини шаръ амри ғайриахлоқӣ ҳисобида мешавад. Чунин бонуеро мутобиқ бо нормаҳои ҷомеаи мо намешавад дар сафи покдоманҳову порсоён қарор дод.

"Чайлдфрӣ"- и тоҷикӣ

Агарчӣ дар ҷомеаи мо ин падида то ҳол нарасидааст, аммо зиёд баъид нест, ки дер ё зуд чунин бонувоне ҳам пайдо шаванду аз вуҷуди худ дарак диҳанд. Яъне духтароне, ки қасдан интихоб ва ихтиёр мекунанд, ки издивоҷ накунанд ва фарзанд назоянд ва ҳамингуна як зиндагии танҳо ва пур аз лаззатҷуйи ва кору, сайру сайёҳат ва озод аз қайду банди вобастагӣ ва масъулияту ӯҳдадориҳои волидайнӣ дошта бошанд.

Ҳарчӣ ҳаст, аммо ҷомеаи имрӯзаи мо аз "чайлдфрӣ"- ҳо холӣ ва орӣ нест. Ҷомеаи Тоҷикистон муддатҳост, ки як ҷомеаи пур аз "чайлдфрӣ" ҳаст, аммо на ба мафҳуми роиҷу маъруфи он дар ҷомеаҳои ғарбиву русӣ, балки ин як падидаи сирф ва хос тоҷикист.

"Чайлдфрӣ"- и тоҷикӣ як шакли дигаре дорад, ки мехоҳам дар ин матлаб диққати хонандаро ба он ҷалб кунам, то ҳадди ақал дар ин бора як тааммуле дошта бошад. Дар мафҳуми аслияш ин вожа хосси занҳост. Яъне вақте дар Ғарбу Руссия гап аз "чайлдфрӣ" мезананд мақсуду матлаб занҳое ҳастанд, ки ихтиёран ва интихобан аз фарзанддорӣ худдорӣ меварзанд. Аммо дар ҷомеаи мо ин "чайлдфрӣ" як навъи дигаре дорад, ки ҳам шомили мард ҳасту ҳам шомили зан. Дар Тоҷикистон "чайлдрфӣ"- ҳо онҳое ҳастанд, ки аз лиҳози физикӣ кӯдак ба дунё меоранд, мехӯронанд, мепӯшонанд, аммо аз лиҳози тарбиву таълим "чайлфрӣ" ҳастанд яъне "озод аз фарзанд", ва чӣ зиёданд ингуна "чайлдфрӣ"- ҳо.

Шояд ҳам зиёд муболиға набошад агар бигӯям ҷомеаи мо як ҷомеаи "чайлдфрӣ" ҳаст. Масъалан агар ба менталитету зеҳнияти мардҳои тоҷик назар афканем онҳо дар аксар маврид фақат фикру зикрашон ин аст, ки оилаи худро хӯронанду пӯшонанд. Аммо ин, ки бо кӯдак соате бинишинанд, бо фарзанд бозии тифлона кунанд, дар омода кардани дарсҳояш ҳамкорӣ кунанд, фарзандро ба сайру саёҳат баранд, бо кӯдак чун дӯсти наздику самимӣ бошанд, рози дил кунанд, ба фарзанд ҳар субҳу шом бигӯянд, ки дӯсташ медоранд ва ба ҳангоми хоб барояшон афсонаву дуову сура бихонанд дар ҳаёти падарони тоҷик камтар мушоҳида мешаванд. Пас падарони тоҷик ба ин маъно "чайлдфрӣ", яъне озод аз фарзанд ҳастанд ва ҳамаи бори дӯши ин тарбияву таълимро бар гардани модар ва аз он баъд бар дӯши мактабу таълимгоҳҳо гузоштаанд. Аз суйи дигар модарони тоҷик ҳам "чайлдфрӣ" хеле зиёд доранд, зеро на ҳар модари зоё имконияту зарфияти тарбияи хуби кӯдак ва омӯзонидану саҳми босазо дар ҷаҳонбинии васеъу пешрафтаи тифлаш доштанро дорад.

Аз тарафи дигар, мушкили хеле аз модарони "чайлдфрӣ"- и тоҷик ин аст, ки худ таҳсилу таълими дурусту пешрафта ва ҷавобгӯ ба тақозову талаботи давраву замонаи навро надоранд. Модарони тоҷик агарчӣ зоё, вафодор, пуртоқат, меҳрубону дилсӯзанд, аммо мутаассифона камсаводу ҷаҳонбинии танг доранд, ки ин ду зарар дорад.

Яке ин, ки чунин модарон ба сабаби камсаводӣ ва серфарзандиву машғулиятҳои рӯзгордорӣ ба фарзандони худ расидагии маънавӣ ва донишиву илмӣ карда наметавонанд ва аз сӯйи дигар зарфияти интеллектуалии ин корро ҳам надоранд.

"Чайлдфрӣ"- и тоҷикӣ дар тарозуи дину ахлоқ

"Чайлдфрӣ"-- и тоҷикӣ ҳам аз лиҳози ахлоқу дин як амри ба шиддат норавову нодуруст буда бо таълимоти ахлоқиву исломӣ созгорӣ надорад. На танҳо ин, балки ба дунё овардани фарзанду таълиму тарбияааш накардан гуноҳе вазнинтару сангинтар аз таваллуд накардани он ҳаст.

Ислом дар баробари он, ки аз пайравони худ хостааст, то фарзанди зиёд таваллуд кунанду шумораашон зиёд бошад, ҳамчунон аз онҳо талаб намудааст, ки ба сифати таълиму тарбияи фарзанд ва ҷаҳонбиниву ояндаи он аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд.

Дар ривояти саҳеҳ(Муснади Имом Аҳмад 2/259)аз Пайғамбари худо дорем, ки мусулмонҳои бесифат, яъне бе таълиму тарбия ва ҷаҳонбиниву шахсиятсозии дуруст, мисли кафки руйи сейл (ғусоун кағусоис сайл) ҳастанд, ки аз дур ба як чизи бузурге шабоҳат доранд, аммо дар ҳақиқат чизе ҷуз хафу кафк беш нестанд (яъне арзише надоранд).

Ҳамчунони дигар дар ривоятҳо дорем, ки пайғамбари Худо вақте барои ибодат ба хонаи Каъба мерафт, духтарчаи панҷсолааш Фотимаро бо худ мебурд ва замоне, ки мушрикон ӯро озору азият дар ҳангоми намоз медоданд духтарчааш руйи падарашро бо меҳр пок мекард.

Бо атфоли худиву бегона Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамеша бо таваҷҷуҳу диққат ва бо ғамхориву меҳру муҳаббат муомила мекард. Дар масҷид ширинӣ меовехт то атфол ба баҳонаи он вориди масҷид шаванду тарбияи масҷид бигиранд, кӯдаконро дар уштураш савор мекарду то хумор шикастанашон мебурд то эҳсоси шахсият кунанд, ва дар ҳангоми намоз вақте набераҳои дӯстдоштааш Ҳасану Ҳусейн омада ӯро озор медоданду бо ӯ бозӣ мекарданд, ҳазрати бузургвор сарашро аз саҷда намебардошт, то инки набераҳояш бозӣ карда сер шуда мерафтанд, ва баъди намоз ҳам як бор ба Алӣ ва Фотима нагуфт, чаро гузоштед, ки дар вақти намоз набераҳоям маро азият диҳанд. Ин буд тарбияву таълими он Устоди Башарият саллалоҳу алайҳи ва ъло олиҳи ва саҳбиҳи ва саллам.

САЪДӢ ЮСУФӢ, РӮЗНОМАНИГОРИ ТОҶИК

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG