Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муроҷиати 12 созмон ба Тоҷикистон дар мавриди "сайтбандон"


12 созмони ҷамъиятӣ ва ҳомии ҳуқуқи Осиёи Марказӣ дар як изҳороти муштарак масдуд кардани сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистонро маҳкум карда, аз мақомоти ин кишвар хостаанд, то ба даъватҳои ниҳодҳои байналмилии ҳуқуқи башар гӯш дода, дастрасии бидуни маҳдудияти мардуумаш ба Интернетро таъмин кунад. Худдорӣ аз шеваҳо, чун маҳдуд кардани дастрасӣ ба Интернет, ки ба ақидаи муаллифони изҳорот, нақзи ҳуқуқи инсон аст, ва эҳтиром гузоштан ба озодии баёну озодии гирдиҳамоӣ аз дигар талабҳои омада дар ин муроҷиатнома аст. Зери ин изҳороти муштарак 12 созмони минтақавӣ, аз ҷумла Анҷумани дастраскунандаҳои Интернети Тоҷикистон, Дафтарҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистону Қазоқистон, НАНСМИТ. Ташабууси ҳуқуқи башари Туркманистон, “Нота бене” ва созмонҳои дигар имзо кардаанд.

Дар аввалҳои моҳи октябр дастрасӣ ба Фейсбук, Вконтакте, Ютюб ва даҳҳо сомонаи хабариву тарғиботӣ дастнорас шуданд. Ин амал дар рӯзҳое сурат гирифт, ки созмони мухолифи “Гурӯҳи 24” мардумро ба як тазоҳуроти эътирозӣ дар маркази Душанбе даъват мекард. Хадамоти алоқа – танзимкунандаи бозори телефонҳои мобил ва Интернети Тоҷикистон – гуфт, амре барои масдуд ё маҳдуд кардани ин сомонаҳо надодааст.

Аммо дар изҳороти муштараки созмонҳои Осиёи Марказӣ гуфта мешавад, ки бастан, масдуд ё маҳдуд кардани сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон дар пешорӯи рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ба як навъ “анъана” табдил ёфтааст, ки набояд дигар такрор шавад.

XS
SM
MD
LG