Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгар Писториус 5 соли зиндон гирифт


Оскар Писториус

Оскар Писториус

Оскар Писториус-варзишгари Африқои Ҷанубӣ, ки ду пояшро буриданд, ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Вай барои куштори дӯстдухтараш дар соли гузашта ба додгоҳ кашонда шуда буд.

21 октябр додгоҳи Претория ин ҳукмро содир кард. Қозии додгоҳ ҳамчунин ба Писториус барои доштани аслиҳа 3 сол ҳабси шартӣ содир кард.

Писториус 27 сола аст ва вай дар Рӯзи Валентин ё ошиқон дар хонаи худ дар Претория-пойтахти Африқои Ҷанубӣ Рива Стинкамп хатмкардаи фокултаи ҳуқуқро, ки модел ҳам буд, ба қатл расонд.

Додситонӣ даъво дорад, ки Писториус-варзишгаре, ки ҳам дар бозиҳои олимпӣ ва ҳам дар бозиҳои олимпии маълулон ширкат кардааст, дӯстдухтарашро қасдан куштааст.

Вале Писториус мегӯяд, ки вай надониста ба сӯи духтар оташ кушодааст ва гумон кардааст, ки каси бегона вориди хона шудааст.

XS
SM
MD
LG