Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сикорский пешниҳоди Путинро фош кард


Радослав Сикорский
Радослав Сикорский

Радослав Сикорский-раиси порламони Полша мегӯяд, Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар соли 2008 ба нахуствазири вақти Полша пешниҳод карда буд, ки Украинаро Русияву Полша байни худ тақсим кунанд.

Сикорский то моҳи сентябри соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷаи Полша буд ва вай ба сомонаи интернетии "Politico"-и Амрико 19 октябр гуфтааст, Путин ин пешниҳодро соли 2008 дар ҷараёни боздиди Доналд Туск-нахуствазири вақти Полша аз Маскав матраҳ карда буд.

Сикорский мегӯяд, “Путин мехост, ки мо ҳам дар тақсимоти Украина саҳм бигирем. Ин аввалин сухани Путин ба нахуствазири мо буд”. Бино ба гуфтаи Сикорский, ки дар ин боздид Тускро ҳамроҳӣ мекард, Туск ба пешниҳоди Путин ҷавоб надодааст.

Баъз аз ҷудо шудани Қрим дар моҳи сентябри соли ҷорӣ Владимир Жириновский ба ҳукуматҳои Полшаву Руминия ва Маҷористон ( Венгрия) нома навишта пешниҳод карда буд, ки Украинаро байни худ тақсим кунанд.

XS
SM
MD
LG