Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ширкати Тотал дар Внуково ба ҳалокат расид


Кристоф де Маржерӣ

Кристоф де Маржерӣ

Дар фурудгоҳи Внуковои Маскав дар ҳодисае Кристоф де Маржерӣ-раиси иҷроии ширкати нафти Тотали Фаронса ба ҳалокат расид. Ҳавопаймои хусусии ширкати мазкур Dassault Falcon 50 дар фурудгоҳ ба мошини барфпоккунанда бархурд ва ба мусибат дучор шуд. Ҳавопаймо шаби сешанбе ҳангоми бархостан ба ҳаво ба мошин бархӯрд ва оташ гирифт.

Дар ин ҳавопаймо чаҳор нафар нишаста буданд ва ҳамаи онҳо ба ҳалокат расиданд. Ронандаи мошине, ки ҳавопаймо ба он бархурд, дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад, вале осеби ҷиддӣ надидааст. Дар ин бора Елена Крилова-сухангӯи фурудгоҳ ба матбуот хабар додааст.

Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд, ки ронандаи мошин маст будааст. Ҳавопаймо бояд ба Фаронса парвоз мекард. Ҳангоми парвоз абри ғализ атрофро фаро гирифта будааст.

Марҷерӣ 63 сол дошт ва ширкати вай аз соли 2007 ба ин сӯ яке аз панҷ ширкати бузурги нафту гази ҷаҳон ба шумор меравад. Дар ааввали соли ҷорӣ баъд аз оғози моҷароҳои Украина Марҷерӣ даъво мекард, ки Аврупо бояд ҳамкориҳои ин ширкатро бо Русия нигоҳ дорад.

Тотал яке аз сармоягузорони аслии хориҷӣ дар Русия ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG