Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ронандаи “Дулан”-е, ки гуфта мешавад, ба корхонаи истеҳсоли сангу шағали воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ тааллуқ дошта, дар як садамаи пурсарусадо се кӯдакро дар деҳаи Шафақ пахш карда буд, баъди ду моҳ боздошт шудаааст.

Мақомоти шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 21 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ронандаи мошини борбари тамғаи "Дулан" истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтар Маҳмадраҷаб Шоҳмуродов, ки пас аз пахши се кӯдак фирор карда буд, боздошт шудааст ва феълан дар боздоштгоҳи СИЗО-и ШКД Рӯдакӣ мебошад. Ин мошин ба як корхонаи истеҳсоли сангу шағали воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ доштааст.

Гуфта мешавад, мақомот ибтидо Аслиддин Юсупов, сокини дигари ноҳияи Бохтарро, ки ин мошин ба номи ӯ буд, боздошт карданд, вале баъдан Маҳмадраҷаб Шоҳмуродов худро ба мақомот таслим ва эътироф мекунад, ки дар пушти фармони мошин ӯ нишаста буд.

Муфаттиши ин парванда Идигул Сафарова мегӯяд, ронандаи “Дулан” бо моддаи 212 (вайрон намудани қоидаи роҳ бо истифода аз нақлиёт) ва бо моддаи 127 (дар хатар гузоштани шаҳрвандон) айбдор дониста мешавад. Ӯ афзуд, феълан тафтишоти пешакӣ алайҳи Маҳмадраҷаб Шоҳмуродов идома дорад ва то анҷоми таҳқиқ аз шарҳи ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунанд.

Рӯзи 26 сентябр ронандаи мошини борбари тамғаи "Дулан" ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Шафақи ноҳияи Рӯдакӣ ба дарахти канори чапи роҳ бархӯрда, сипас ба саҳни як ҳавлӣ даромад, ки дар натиҷа деворҳои ин манзил тахриб шуда, 3 кӯдаке, ки онҷо хокбозӣ доштанд, зери чархҳои мошин монданд.

Дар натиҷаи он садама Мухлиса, Аюббек ва Шукрона Муродалиевҳо, ки 2, 3 ва 10 сол доштаанд, ҳалок шуданд.

Наздикони ин кӯдакон мегӯянд, мошини “Дулан” ва ронандаи он ба корхонаи истеҳсоли сангу шағале тааллуқ мегирифт, ки чанд соли ахир дар ҷамоати деҳоти Зайналобод, дар наздикии дарёи Кофарниҳон фаъолият дорад. Онҳо мегӯянд, чанд корманди ин корхона омада, девори харобшудаи манзили онҳоро дуруст ва роҳро ҳамвор кардаанд.

Шоҳидони ин ҳодиса нақл мекунанд, шаби 26 сентябр "Дулан"-и 70-тонна бо суръати баланд ба дарахтони канори роҳ бархӯрд ва девори ҳавлиро шикаста, ин се кӯдакро дар дохили ҳавлӣ ҳангоми бозӣ зер кард.

Ин нахустин садамаи пурқурбонӣ бо мошинҳои "Дулан"-и сохти Чин дар Тоҷикистон нест. Рӯзи 10 октябр як мошини боркаши “Дулан”, ки аз Чин бору коло меовард, дар роҳи Дарвоз - Кӯлоб дар назди гардишгоҳи Шӯрообод ба садама дучор шуд. Дар натиҷа се нафар кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуд.

Рӯзи 28 август як мошини "Дулан" дар роҳи мошингарди Душанбе- Қӯрғонтеппа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон ду наврасро зер кард, ки дар натиҷа Аҳмадулло Сафаров, соли таваллудаш 1996 ва Шарифбек Шарифов, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Хуросон ҳалок шуданд.

Рӯзи 3 августи соли 2013 мошини тамғаи «Дулан», ки таҳти фармони шаҳрванди Чин Мухтор Рӯзӣ қарор дошт, дар километри 39-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб-Хоруғ ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106» бархӯрд, ки дар натиҷа ҳар ду ронанда ҷон бохтанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG