Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

250 миллион еврои Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон


Иттиҳодияи Аврупо дар чорчӯби Стратегияи нав барои Осиёи Марказӣ, ба Тоҷикистон дар ҳафт соли оянда маблағи 250 миллион евро тахсис медиҳад. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 21 октябр зимни тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки рӯзи гузашта дар шаҳри Люксембург нишасти чоруми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ раҳбарӣ намуд.

Ба иттилои ин манбаъ, дар ин нишасти Шӯро ҷонибҳо роҷеъ ба рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, фарҳанг ва маориф ва ҳамчунин иҷрои Стратегия ИА дар Осиёи Марказӣ ва лоиҳаву барномаҳои ИА дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон масоили минтақавию байналмилалиро баррасӣ намуданд. Ин манбаъ афзуд, ки дар поёни нишаст, изҳороти муштарак дар робита ба истиқболи тасмими Комиссияи Аврупо ҷиҳати қабули Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2014-2020 ба имзо расид.

Қарор аст, дар чаҳорчӯби Стратегия нави ИА барои Осиёи Марказӣ маблағи 251 млн. евро, дар муддати ҳафт соли оянда ба Тоҷикистон тахсис ёбад.

XS
SM
MD
LG