Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо масъалаи Украинаро баррасӣ мекунад


Кетрин Эштон масъули умури равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, гуфт, ки Шӯрои равобити хориҷии иттиҳодия рӯзи 20-уми октябр вазъи оташбас дар шарқи Украина ва масъалаи бознигарии эҳтимолии таҳримот бар зидди Русияро баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи, Кетрин Эштон “шӯро вазъро баррасӣ мекунад ва дар бораи иқдомоти баъдӣ тасмим мегирад. “ Ӯ дар ин бора дар остонаи нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Люксембург сӯҳбат кард. Ин иттиҳодия дар гузашта гуфтааст, ки кӯмаки амалии Русия барои иҷрои созиши Минск аз рӯзи 5-уми сентябр ва истиқрори субот дар Украина аз далелҳои аслӣ барои сабук кардан ва ё аз байн бурдани таҳримот алайҳи Русия аст.

XS
SM
MD
LG