Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ба нерӯҳои курд кӯмак мекунад


Ҳукумати Туркия барои муқобила ба ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломӣ, ки шаҳри Кубонии Сурияро муҳосира кардаанд, дар интиқоли размандони курд ба ин шаҳр кӯмак мекунад. Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, дар бораи тағйири сиёсати кишвараш дар ин замина рӯзи 20-уми октябр хабар дод. Ӯ изҳор дошт, ки гуфтугӯҳо дар ин бора идома дорад, вале аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ кард. Аз ин пеш Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 18-уми октябр бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар як сӯҳбати телефонӣ аз ҷумла масъалаи шаҳри Кубониро баррасӣ кардааст. Рӯзи 19-уми октябр нерӯҳои ҳавоии Амрико ба размандони курд дар Кубонӣ аз ҳавопаймоҳо аслиҳа, доруворӣ ва дигар муҳимоти ҷангӣ партоб карданд. Нерӯҳои Амрико ҳамчунин 135 маротиба ба мавзеъҳои ҷангҷӯён дар атрофи Кубонӣ зарба задаанд. Ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломӣ як моҳ боз аст, ки барои ишғоли Кубонӣ бо размандони курд меҷанганд.

XS
SM
MD
LG