Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сотсиалистҳои тоҷик бо 16 номзад ба интихобот мераванд


Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар 12 ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ва чаҳор ҳавзаи якмандатӣ номзадҳои худро ба интихоботи Маҷлиси намояндагон пешбарӣ хоҳад кард. Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон рӯзи 20 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, номзадҳои ҳизбро дар нишасти ахири ҳизбашон мушаххас карданд. Ба гуфтаи оқои Ғаффоров, қарор аст дар 12 нафар дар ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ва чаҳор номзади дигари онҳо дар ҳавзаҳои якмандатӣ, вориди корзор шаванд. Ҳизби Сотсиалистӣ ному насаби номзадҳои худро дар остонаи интихобот эълон хоҳад кард. Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон дувумин ҳизбест, ки аз пешбарии номзадҳои худ ба рақобатҳои интихоботи парлумонии соли 2015 хабар медиҳад. Аз ин қабл Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шумораи номзадҳои худ дар ҳавзаҳои якмандатиро эълон карда буд. Интизор меравад, ки интихботи парлумонии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли оянда баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG