Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

BND мегӯяд, ҳавопайморо ҷудоихоҳони Русиягаро задаанд


Расонаҳои Олмон бо такя ба хадамоти иттилоотии ин кишвар гузориш додаанд, ки ҳавопаймои мусофирбари Малайзияро ҷудоихоҳони тарафдори Русия бо мушакҳое нобуд карданд, ки аз нерӯҳои ҳукуматии Украина ғанимат гирифтаанд. Рӯзномаи “Шпигел”-и Олмон рӯзи 20-уми октябр аз қавли мудири BND, хадамоти ҷосусии Олмон навиштааст, ки бино ба иттилооти дарёфтӣ, ҷудоихоҳон дар Украина бо истифода аз системаи мушакии БУК, ки аз як пойгоҳи низомии Украина гирифтаанд, ҳавопаймои Малайзияро сарнагун кардаанд. Ҳукумати Украина ва кишварҳои ғарбӣ дар гузашта гуфтаанд, ки ҳавопаймои мусофирбари MH17-ро ҷудоихоҳон моҳи июл бо истифода аз системаи мушакиии БУК задаанд, ки Русия ба онҳо додааст. Андрей Пургин, ба истилоҳ муовини нахуствазири ҷумҳурии худхондаи мардумии Донетск гузориши рӯзномаи Олмониро рад кард. Алексей Пушков, раиси Кумитаи умури равобити хориҷии порлумони Русия, дар Твиттер навиштааст, ки гузориши “Шпигел” нишон медиҳад, ки Русия дар фоҷиаи ҳавопаймои мусофирбари Малайзия даст надорад. Дар натиҷаи суқути ин ҳавопаймо дар шарқи Украина дар рӯзи 17-уми июли имсол тамоми 298 мусофиру халабонҳои он кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG