Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, киштиҳои зериобиаш мушкиле надоштаанд


Давлати Русия гуфт, ҳеҷ яке аз киштиҳои зериобиаш дар қаламравҳои обии наздики шаҳри Стокҳолми Шветсия ба мушкил дучор нашудааст. Вазорати дифои Русия рӯзи 19-уми октябр дар бо нашри як баёнияи катбӣ гуфт, ки “киштиҳои зериобии Русия ба ҳеҷ ҳодисаи ғайримуқаррарӣ ва ё ҳеҷ мушкил дучор нашудаанд.” “Свенска Даглбладет”, рӯзномаи мӯътабари Шветсия гузориш дод, ки киштиву нерӯҳо ва чархболҳои Шветсия киштии номаълумеро ҷустуҷӯ доранд, ки бо забони русӣ аз пойгоҳи баҳрии Русия дар Калининград кӯмак хостааст. Паёми кӯмакхоҳиро нерӯҳои Шветсия низ шунидаанд. Вазорати дифои Шветсия гузориши рӯзномаи ин кишварро шарҳ надодааст. Ҷустуҷӯи киштии номаълум дар қаламравҳои обии Шветсия дар замоне сурат мегирад, ки ба сабаби бӯҳрони Украина таниш байни кишварҳои скандинавӣ ва соҳили Балтик шиддат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG