Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: "Русия ба талабҳои Ғарб тан намедиҳад"


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, Маскав барои лағви таҳримот хостаҳои кишварҳои Ғарбиро иҷро намекунад. Ӯ рӯзи 19-уми октябр сӯҳбат бо телевизиони НТВ-и Русия гуфт, “ба мо гуфтанд, ки агар дар ҳалли бӯҳрони Украина кӯмак кунед, мо таҳримҳоро аз байн мебарем.” Сергей Лавров афзуд, “мо ба шумо, яъне кишварҳои ғарбӣ пешниҳод дорем, иҷоза бидиҳед, гурӯҳҳои мусаллаҳ нозирони байналмилалиро ба марзи Русия роҳ бидиҳанд." Вазири умури хориҷии Русия афзуд, кишвараш ҳеҷ шарту шароитро намепазирад ва дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки қудратҳои ғарбӣ бӯҳрони Украинаро ба ҳайси абзоре истифода мекунанд, ки Русия шеваи расидагиаш ба масъалаҳои муҳиму калидӣ барои Русияро тағйир дода ва бар тибқи хостаҳои кишварҳои Ғарб рафтор кунад. Ӯ амалкардҳои кишварҳои Ғарбиро "куҳнашуда ва истеъморгарона" номид.

XS
SM
MD
LG