Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев масъулият барои қонуншиканӣ дар интихоботро бештар кард


Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 19 октябр қонун дар бораи тақвияти масъулият барои нақзи ҳуқуқи интихоботиро имзо кард, ки бар пояи он барои бо ришват харидани раъйдиҳандагон то ҳафт соли маҳбас пешбинӣ шудааст. Ба интихобкунандае, ки мехоҳад раъйи худро фурӯшад, ҷарима, корҳои ислоҳотӣ ва маҳрумият аз озодӣ то ду сол таҳдид мекунад. Афроди соҳибмансаб барои нақзи ҳуқуқи интихоботӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол равонаи зиндон хоҳанд шуд.

Қонун дар бораи тақвияти масъулият барои нақзи ҳуқуқи интихоботӣ аз сӯи Верховная Рада – парлумони Украина рӯзи 14 октябр пазируфта шуда буд.

Сомонаи раисиҷумҳури Украина дар шарҳи ин хабар навиштааст, ки қонуни нави интихоботӣ меъёрҳои укроиниро бо меъёрҳои аврупоӣ наздиктар месозад.

26 октябр дар Украина интихоботи қабл аз вақт ба Верховная Рада баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG