Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, ба хотири музокирот оид ба мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” рӯзи 20 октябр вориди Теҳрон мешавад. Дар изҳороти дафтари нахуствазири Ироқ, ки рӯзи якшанбе нашр шуда, гуфта шудааст, ҳадафи аслии сафари якрӯзаи Ибодӣ – “муттаҳидсозии нерӯҳои дар минтақа ва ҷаҳон барои кӯмак ба Ироқ дар ҷанг бо гурӯҳи террористӣ мебошад”.

Ба иттилои расмӣ, дар ҷараёни дидору гуфтугӯҳои раиси ҳукумати Ироқ бо мақомоти Эрон мавзӯъи ҳамкориҳои Бағдоду Теҳрон дар бахшҳои энерҷӣ, бунёди манзил ва сохтмон ҳам баррасӣ хоҳад шуд. Ин нахустин сафари Ибодӣ ба Теҳрон ба ҳайси нахуствазири Ироқ аст.

Теҳрон аз пуштибонҳои калидии ҳукумати асосан иборат аз шиаҳои Ироқ дар минтақа маҳсуб мешавад.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” шурӯъ аз моҳи июн манотиқи асосан суннинишини Ироқро таҳти назорат қарор дод. Ба иттилои мансабдорони курди Ироқ, Теҳрон нерӯҳои худро дар марзҳои шаҳри Хонақини Ироқ мустақар кардааст.

XS
SM
MD
LG