Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон аз Исломобод хост пеши раҳи ошӯбгарҳоро бигирад


Теҳрон аз Исломобод талаб кард, ки аз вуруди “терориристҳо”-ву “ошӯбгарон” аз Покистон ба вилояти Сиистону Балуҷистони Эрон ҷилавгирӣ намояд.

Расонаҳои чопи Теҳрон рӯзи якшанбе навиштанд, ки сафири Покистон Нур Муҳаммад Ҷадмонӣ ба вазорати умури хориҷии Эрон эҳзор шудааст. Аз ин пеш манбаъҳо дар ҳарду кишвар хабар доданд, ки шоми 17 октябр бар асари як моҷаро дар хатти марз як афсари покистонӣ ва ду марзбони эронӣ ба ҳалокат расиданд.

Маълум нест, ки аввалин шуда кӣ оташ кушодааст ва ё ин ҳодиса тасодуфан ба вуқӯъ пайвастааст.

Мақомоти эронӣ мегӯянд, ки марзи вилояти Сиистону Балуҷистонро асосан ошӯбгарон, афроди ифротгаро ва қочоқбарони маводи мухадири покистонӣ убур мекунанд. Аввалҳои моҳ бар асари ҳамлаи ошӯгарон чаҳор марзбони эронӣ бохта буд.

Дар вилояти Сиистону Балуҷистон асосан суннимазҳабҳо ба сар мебаранд ва онҳо пайваста аз таъқибу фишори мансабдорони шиамазҳаби эронӣ шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG